Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Немтсов одами чапдаст тир холӣ кардааст


Расидагиҳо нишон медиҳад, ки ба Борис Немтсов одами чапдаст тир холӣ кардааст. Ҳоло дар ин куштор гумонбари аслӣ Заур Дадаев аст ва вай ҳам одами чапдаст аст. Заур Дадаев узви пешини баталиони “Север”-и вазорати дохилаи Чеченистон аст.

Сарчашмаҳо дар ниҳодҳои интизомӣ ба хабаргузории “Росбалт” иттилоъ доданд, дар мошине, ки баъд аз куштор Дадаев нишастааст, осори борут ошкор шудааст.

Дар робита бо куштори Борис Немтсов 5 нафар бозошт шудаанд. Дадаев баъд аз боздошт билофосила кушторро эътироф кард, вале баъдтар аз ин эътирофот даст кашид ва гуфт, ки он зери шикаҷа гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG