Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста дар чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон


Бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ҳашт дастаи ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоиро муайян карданд.

Дар бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ҳашт дастаи ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ маълум шуданд.

Намояндаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон – “Саройкамар”-и Панҷ, ки дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ ғайричашмдошт дар меҳмонӣ “Хайр”-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи лигаи олиро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба чорякфинал баромад. “Саройкамар” дар даври чаҳорякниҳоӣ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад.

Дар бозиҳи дигари 1/4 финалӣ “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Равшан”-и Кӯлоб бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ мубориза мебаранд.

Бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 20 август, бозиҳои ҷавобӣ 25 август баргузор мешаванд. Маблағи ҷавоизи Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз Ҷом бо ҷоизапулӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба финалист 25 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон . 1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«КАНД» (Конибодом) — «ХУҶАНД» (Хуҷанд) — 0:6

Голҳо: Дилшод Бозоров, 6 (0:1). Дилшод Бозоров, 16 (0:2). Дилшод Бозоров, 21 (0:3). Дилшод Бозоров, 43 (0:4). Амир Раҳимов, 52 (0:5). Фарҳод Тоҳиров, 61 (0:6).

Бозии аввал – 1:9.

«БАРҚИ ТОҶИК» (Душанбе) — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) — 1:2

Голҳо: Фирӯз Юсуфов, 11 (1:0). Меҳрулло Бобоев, 20 (1:1). Меҳрулло Бобоев, 52 (1:2).

Бозии аввал – 2:0.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) — «ПАНҶШЕР» (Румӣ) — 6:0

Голҳо: Фурӯғ Қодиров, 3 (1:0). Андох Наполеон, 32 (2:0). Андох Наполеон, 45 (3:0). Рустам Толибов, 45+3 (4:0). Давронҷон Тухтасунов, 77 – аз пеналтӣ (5:0). Давронҷон Тухтасунов, 82 (6:0).

Бозии аввал – 2:2.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода)— «ЧАШМА» (Шаҳритус) — 7:0

Голҳо: Умед Шарифов, 6 – ба дарвозаи худ (1:0). Нозим Бобоҷонов, 34 (2:0). Расул Файзов, 40 (3:0). Комил Саидов, 58 (4:0). Комил Саидов, 83 (5:0). Расул Файзов, 87 (6:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (7:0).

Бозии аввал – 5:3.

«ПАРВОЗ» Бобоҷон Ғафуров) — «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) — 1:3

Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (0:1). Амирҷон Сафаров, 5 (0:2). Бахтовар Зокиров, 44 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (1:3).

Бозии аввал – 0:5.

«ХАЙР» (Ваҳдат) — «САРОЙКАМАР» (Панҷ) — 0:2

Голҳо: Насим Мамадқулов, 33 (0:1). Ҷонибек Ғаффоров, 59 (0:2).

Бозии аввал – 2:1.

«ИСФАРА» (Исфара)— «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) — 1:2

Бозии аввал – 0:7.

«РАВШАН» (Кӯлоб)— «ПОМИР» (Душанбе) — 4:2

Бозии аввал – 9:0.

Ҷуфтҳои 1/4 ниҳоӣ

«ИСТИҚЛОЛ» — «ХУҶАНД»

«РАВШАН» — «ВАХШ»

ССКА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК»

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР»

XS
SM
MD
LG