Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати говҳои талафшуда дар рӯзи Иди Фитр ҷуброн шуд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Хоҷагии деҳқонии “Ғайрат”-и ноҳияи Данғара ба соҳибони 18 сар гови аҳли деҳаи Сангтӯда, ки аз беназорати подабонҳои наврас ва бетаваҷҷуҳии деҳқонони иҷоракор талаф шуданд, 32 ҳазору 600 сомонӣ ҷуброн пардохт кардааст.

Хоҷагии “Ғайрат”-и ноҳияи Данғара маблағи 18 гови маҳалиеро, ки дар рӯзи Иди Рамазон дар оғили хоҷагӣ аз гармии шадид варам карда ва талаф шуданд, ба ҷабридагон пардохт кардааст. Дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара дар рӯзи Иди Фитр дар натиҷаи беназоратии подабонҳои наврас, 18 сар гов талаф шуданд.

Садафмоҳ Давлатова, раиси хоҷагии “Ғайрат”-и ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта пули ҳар як гови ҷабрдидаҳоро баъди мушаххас кардани нархи мол, пардохтааст ва онҳо шикоятҳои худро аз Шӯъбаи корҳои дохилӣ пас гирифтаанд. Вай гуфт, ки ба ҷабрдидаҳо пешниҳод кардааст, ки дар ивази ҳар гов ба онҳо гов хоҳад дод, аммо онҳо розӣ нашуданд ва гуфтаанд, ки пули онро мехоҳанд, то тибқи хостаашон чорво харидорӣ намоянд.

Ба гуфтаи вай, "дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия қимати ҳар як говро ҳисоб намуда ва азбаски чанд тои онҳо “забҳи ҳалол” ва гӯшти он фурӯхта шуда буд, пули онҳо тарҳ карда ва дар маҷмӯъ ҷабрдидагон барои говҳои худ 32 ҳазору 600 сомонӣ гирифтанд ва баёнот навишта, аз шикояти худ даст кашиданд. Вай гуфт, ин маблағро аз хешовандону наздиконаш ҷамъоварӣ кардааст ва зарари ҷабрдидаҳоро пӯшонидааст.

Садафмоҳ Давлатова афзуд, барои парвариши ҳар сотихи замин 1700 доллар харҷ мекунад ва бо заҳматҳои зиёд пахтаву гандум парвариш кардааст, аммо аз беэҳтиётии сокинони Сангтӯда, ки бачаҳоро подабон гузоштаанд, говҳо ба замини пахтаву гандум даромада, киштро хароб кардаанд. Вай мегӯяд, деҳқонони хоҷагӣ нафаҳмидаанд, ки боми оғил тунукапӯш аст ва говҳои бесоҳибро дохили он намуданд, ки дар натиҷа аз гармии шадид ҳамаи онҳо талаф шуданд.

Дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара дар рӯзи иди Фитр дар натиҷаи беназоратии подабонҳои наврас, 18 сар гов мурда буд. Шарифбек Зуҳуров, як сокини ноҳияи Бохтар дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи душанбеи 20 июл гуфт, ки рӯзи ид, 17 июл аҳли ҷамоати деҳа навбати подабониро ба дӯши наврасон гузоштанд ва худашон аз пайи намози идонаву зиёрати мазорҳо шуданд. Аммо кӯдакон чорворо ба саҳро бурда ба ҳоли худ гузоштан аз пайи идгардаку таҷлили ҷашн шуданд.

Говҳо низ бо истифода аз набудани подабонҳо ба замини пахта даромаданд ва ниҳолро поймол карданд. Харобкории чорвоҳо хашми иҷоракори маҳаллиро ба бор овард ва ӯ тамоми говҳоро дар як оғили саҳроӣ маҳкам кард. Зуҳуров гуфт, дар натиҷаи гармии аз ҳад беши рӯзи 17 июл говҳо аз беобӣ дар оғил талаф шуданд. Ҳоло дар бозор нархи як сар модагови ширдеҳ аз ҳазор доллар сар мешавад ва қимати гови зотӣ то ба 3 ҳазор доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG