Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвияти Бишкек дар Иттиҳоди Авруосиё такмил шуд


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон қонунеро дар бораи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди ҳамкории Авруосиё имзо кард ва ба ин тартиб узвияти Қирғизистон дар ин иттиҳод такмил шуд.

Қазоқистон охирин кишваре буд, ки бояд вуруди Қирғизистон ба ин иттиҳодро тасдиқ мекард. Пештар порламонҳои Арманистону Беларус ва Русия санади узвиятро ба тасвиб расонданда буданд.

Валерий Дил-муовини нахуствазири Қирғизистон ҳафтаи гузашта гуфт, ки баъд аз пурра ба тасвиб расондани ҳуҷҷатҳои зурурӣ аз тарафи Қазоқистон посгоҳҳои марзии кишварҳои узв боз хоҳанд шуд.

Қарордод дар бораи вуруди Қирғизистон ба узвияти Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё моҳи декабри соли гузашта дар Маскав дар ҳамоиши Шӯрои Олии иқтисодии ин иттиҳод ба имзо расида буд.

Вале протоколи илова бар ин қарордод моҳи май аз тарафи кишварҳои узв имзо шуда буд. Қирғизистон панҷумин кишвари узви ин ситтиҳод мебошад.

XS
SM
MD
LG