Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимоят аз додгоҳҳои низомии Покистон


Бинои Додгоҳи Олии Покистон

Бинои Додгоҳи Олии Покистон

Додгоҳи Олии Покистон эълон кард, ки додгоҳҳои махфии низомӣ дар ин кишвар қонунӣ ҳастанд ва метавонанд ҳукми қатли шаҳрвандони гунаҳгорро содир кунанд.

Ин тасмим, ки 5 август дар Исломобод эълон шуд, нуфузи низомиёнро дар Покистон дар оянда тақвият хоҳад дод. Баъд аз ҳамлае ба мактаб ва куштори 150 нафар шогирдону устодони мактаб дар моҳи декабри соли гузашта дар Пешовар ба додгоҳҳои низомӣ ҳуқуқ дода шуд, ки тундравҳоро муҳокима кунанд.

Чанд нафар ҳуқуқдонҳо аз рӯи Қонуни Асосӣ додани чунин ҳақ ба додгоҳҳои низомиро ба чолиш кашиданд. Вале Насирулмулк-раиси қозиёни додгоҳ даъвоҳо бар зидди додгоҳҳои низомиро 5 август беасос хонд.

Ҳукумати Покистон мегӯяд, ки ташкили додгоҳҳои низомӣ зарур аст, зеро қозиёни додгоҳҳои ғайринизомӣ барои ба қатл маҳкум кардани тундравҳо камҷуръат ҳастанд.

Додгоҳҳои низомӣ тақрибан 100 парвандаи тундравҳоро муҳокима кардаанд ва аз моҳи июн то ҳол 27 ҳукм содир кардаанд. Ба ин додгоҳҳо ҳақ дода шудааст, ки фаъолияти худро то моҳи феврали соли 2017 идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG