Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 низомии Сурияро Ҷабҳаи Нусра боздошт кардааст


Ҷабҳаи Нусраи Ал Қоида дар Сурия

Ҷабҳаи Нусраи Ал Қоида дар Сурия

Вазорати дифои Амрико мегӯяд, низомиёни Артиши Озоди Сурия, ки дар Амрико барои мубориза бо тундравҳои “Давлати Исломӣ” машқи низомӣ дидаанд, аз тарафи Ҷабҳаи Нусраи Сурия боздошт шудаанд. Ҷабҳаи Нусра бо Ал Қоида иртибот дорад.

Боздошти 4 август дар ҳоле пахш шуд, ки 31 июл дар ҳамлае Ҷабҳаи Нусра як нафарро аз “Нируҳои нави Сурия” ба қатл расонд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар ҳодисаи ахири ҳафта дастикам 5 нафар аз нируҳои Сурия ба ҷое бурда шудаанд. Вале ҷузъиёт дар бораи ин хабарҳо сатҳист.

Ин 5 нафари рабудашуда аз ҷумлаи шӯришиёни ислоҳтаб ҳастанд, ки дар Амрико машқи низомӣ гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG