Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон зане 5 писар ба дунё овард


Шифохонаи Балх, 5 кӯдаки навзод
Шифохонаи Балх, 5 кӯдаки навзод

Пизишкон мегӯянд, ки як зани 35 сола дар вилояти Самангони Афғонистон 5 кӯдак ба дунё овардааст. Нурмуҳаммад Файз-сартабиби шифохонаи вилояти Балхи ҳамсоя ба бахши Афғонистони Озоди Радиои Озодӣ 5 август гуфт, саломатии Резагул-модари кӯдакон ва саломатии ҳамаи кӯдакон хуб аст.

Кӯдакон ҳама писар мебошанд, вале вазнашон аз меъёри маъмулӣ камтар аст. Ба гуфтаи пизишкон, вазни кӯдакон дар чунин таваллудҳо маъмулан камтар мешавад.

Ин 5 кӯдак дар шифохонаи вулусволии Ҳазрати Султон дар Самангон дар рӯзҳои охири ҳафта ба дунё омадаанд, вале ба шифохонаи вилояти Балх интиқол дода шудаанд, то дар шароити беҳтар нигоҳубин шаванд.

Резагул хонанишин аст ва то ҳол ду фарзанд дошт, ки яке писар ва дигарӣ духтар мебошанд.

XS
SM
MD
LG