Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон бори ааввал барои боздиди расмӣ вориди Қирғизистон шудааст.

5 август аз Бердимуҳаммадов дар фурудгоҳи Манас Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон пазироӣ кард. Раҳбарони ин ду кишвари Осиёи Миёна хеле кам бо ҳам мулоқот мекунанд. Яке раҳбари кишвари худкома ва дигарӣ раҳбари ягона кишвари демократии минтақа мебошанд. Туркманистон як кишвари баста ба шумор меравад.

Интизор меравад, ки дар давоми ду рӯзи боздиди худ аз Қирғизистон Бердимуҳаммадов ва ҷониби қирғизҳо дар бораи робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои миёни ду кишвар бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни ин боздид чанд санади ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

Дар остонаи ин боздид дар шаҳри Бишкек 4 август ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд.

Атамбоев аввалин боздиди расмии худро чун раиси ҷумҳури Қирғизистон аз Туркманистон анҷом дода буд. Ин боздиди расмӣ моҳи ноябри соли гузашта анҷом гирифт.

XS
SM
MD
LG