Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина генералҳои худроба ҳузур хонд, зеро нишонаҳое мушоҳида мешавад, ки музокирот дар бораи қатъи даргириҳо бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ба монеаҳо дучор шудааст, вале даргириҳо авҷ гирифтааст.

Дафтари раёсати ҷумҳурӣ аз қавли Порошенко гуфт: “Ба мо зарур аст, то ба таври равшан нақшаи худро дар сурати ташдиди муноқиша маълум кунем”. Ин суханонро раиси ҷумҳур ба аъзои Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ изҳор доштааст.

Дабири ин шӯро Александр Турчинов дар бораи қатли боз 3 нафари дигар дар ҳамлаҳои мушакии шаби гузашта гузориш дод. Киев мегӯяд, ки чаҳор сарбози артиш 3 август кушта шудаанд ва ҷудоихоҳон гузориш додаанд, ки дар ду рӯзи гузашта як нафарро талаф додаанд.

Порошенко намояндаи худро 3 август ба музокирот фиристод, то роҷеъ ба созишнома дар бораи берун бурдани аслиҳаи нав бо ҷудоихоҳон ва Маскавро гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG