Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди ду автобуси мусофирбар дар Хабаровск


Дар Шарқи Дури Русия ду автобуси мусофирбар ба ҳам бархӯрд. Дар ин ҳодиса дастикам 15 нафар ба қатл расидаанд. Дар хабари вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия омадааст, ки ин ду автобуси мусофирбари байнишаҳрӣ 5 август дар минтақаи Хабаровск ба ҳам сар ба сар задаанд.

Бештар аз 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва ҷароҳати чанд нафари онҳо ҷиддист. Барои кӯмак оташнишонҳо, гурӯҳҳои наҷот пулиси роҳ, хадамоти таъҷилии тиббӣ ва гурӯҳҳои оперативӣ ба маҳали ҳодиса ҳозир шуданд.

XS
SM
MD
LG