Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Баҳри Миёназамин беш аз 2000 нафар ғарқ шудаанд


Соли ҷорӣ бештар 2 000 нафар муҳоҷир ҳангоми талоши гузаштан аз Баҳри Миёназамин ба сӯи Аврупо дар об ғарқ шудаанд. Созмони ҷаҳонии муҳоҷират 4 август гуфт, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 20 дарсад бештар аст.

Виллиам Лейсӣ Свинг-раиси кулли ин созмон гуфт, “қобили қабул нест, ки дар қарни 21 мардум ҳангоми гурез аз муноқишаҳо, навмедиҳо ва вайрон шудани заминҳо дар остонаи вуруд ба Аврупо ба чунин сарнавишт дучор шаванд”.

Итайӣ Виррӣ-сухангӯи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Женева ба хабарнигорон гуфт, ки соли ҷорӣ ҳудуди 188 000 нафар ҳангоми ғарқшавӣ дар обҳои Баҳри Миёназамин наҷот дода шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 97 000 муҳоҷир ба Италия ва 90 500 ба Юнон ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG