Пайвандҳои дастрасӣ

Гайдар шаҳрванди Украина шуд


Мариа Гайдар ҳангоми гирифтани шиносномаи Украина аз Порошенко

Мариа Гайдар ҳангоми гирифтани шиносномаи Украина аз Порошенко

Мариа Гайдар-сиёсатмадори Русия, ки дар миёнаи моҳи июл муовини раиси вилояти Одесаи Украина таин шуд, шаҳрвандии Украинаро гирифт.

4 август дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Украина гуфт, президент Петро Порошенко фармон дар бораи шаҳрвандиро имзо кард ва шиносномаи Украинаро ба вай тақдим намуд.

17 июл Михаил Саакашвилӣ-раиси вилояти Одесса эълон кард, ки хонум Гайдарро муовини раиси вилоят дар масъалаҳои иҷтимоӣ таин кардааст.

Мариа Гайдар 32 сола аст ва духтари Егор Гайдар-нахуствазири пешини ислоҳоттадаби Русия дар даврони раёсати Борис Елтсин мебошад. Мариа мунаққиди ошкори Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аст.

XS
SM
MD
LG