Пайвандҳои дастрасӣ

Ноболиғеро дар Покистон ба дор кашиданд


Хонаводаи Шафқат Ҳусейн баъд аз эъдоми Шафқат дар Карочӣ, 4 августи соли 2015

Хонаводаи Шафқат Ҳусейн баъд аз эъдоми Шафқат дар Карочӣ, 4 августи соли 2015

Дар Покистон Шафқат Ҳусайн, ки барои куштори як кӯдак дар соли 2004 муттаҳам дониста мешуд, бо вуҷуди дархостҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ, мақомоти зиндон ва хешовандонаш 4 август эъдом гардид.

Вакилони мудофеи вай мегӯянд, вақте ки Шафқатро муттаҳам эълон карданд, вай 14 сола буд ва эътирофоти вай таҳти азияту шиканҷа гирифта шудааст. Вале мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки Шафқат он вақт ба камол расида буд.

Вай қабл аз дамидани субҳ дар зиндоне дар Карочӣ ба дор кашида шуд. Вале қабл аз он иҷоза доданд, ки шабона бори охир бо аъзои хонаводааш мулоқот кунад.

Бо дархости созмонҳои ҳуқуқи башар ва СММ ва бо назардошти баъзе ҷанбаҳои қонунӣ эъдоми вай ҳамин сол чаҳор бор ба таъвиқ гузошта шуд. Коршиносони ҳуқуқии СММ гуфтанд, ки эъдоми Шафқат “хориҷ аз муқаррароти байналмиллалӣ” буд. Онҳо аз Покистонхостанд, ки ба даъвоҳо дар бораи зери шиканҷа аз вай гирифтани эътирофот расидагӣ кунанд.

Аз моҳи декабр то ҳол, яъне аз замони эътибор пайдо кардани эъдом дар Покистон 180 нафар ба дор кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG