Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси шимоли Калифорния рӯзи 3 август дар бораи пайдо шудани як варзишгари ғайбзадаи албанӣ баъд аз Бозиҳои махсуси олимпӣ хабар дод.

Аз ин пеш полиси Лос-Анҷелес аз шаҳрвандон дархости кӯмак дар ошкор намудани макони будубоши Андӣ Гузмарии 44 соларо карда буд. Варзишгар баъд аз хатми Бозиҳои махсуси олимпӣ нопадид шуд – ӯро бори ахир рӯзи 31 июл дар хобгоҳи донишгоҳи Калифорнияи ҷанубӣ, ҷойи муваққати будубоши варзишгарон дида буданд.

Бино ба иттилои кормандони полис, Гузмарӣ субҳи 3 август ба қароргоҳи полис дар шаҳри Ҳайворди канори шаҳри Сан-Франтсиско омад. Ин шаҳр аз Лос-Анҷелес 500 километр дур аст. Ба иттилои полис, Гузмарӣ бо забони англисӣ ҳарф намезанад ва аз ин рӯ, то ҳол чӣ гуна ба Ҳайворд омадани ӯ маълум нест.

Бозиҳои махсуси олимпӣ аз 25 июл то 2 август идома карданд. Дар ин бозиҳо тақрибан 6500 варзишгари маъюб аз сартосари олам аз рӯи 25 навъи варзиш бо ҳам сабқат доштанд.

XS
SM
MD
LG