Пайвандҳои дастрасӣ

Тоторҳои Қрим қатъи аннексияро талаб карданд


Кунгураи тоторҳои Қрим ба қатъи аннескияи Қрим аз тарафи Русия даъват кард. Ширкатдорони ин анҷуман рӯзи 2 август дар Анкара аз Русия хостанд, Қримро дар ихтиёри Украина гузорад ва бино бар конститутсияи нави Украина ба тоторҳои Қрим мухторият дода шавад. Наздик ба 200 гурӯҳи тоторҳои Қрим, ки аз кишварҳои гуногун дар Туркия ҷамъ омада буданд, мегӯянд, хадамоти амнияти Русия барояшон имкон надод, анҷумани худро дар Қрим баргузор намоянд. Рӯзи 28 июл Русия ба ду фаъоли тоторҳои Қрим, ки мехостанд, дар кунгура ширкат кунанд, иҷозаи тарки Қримро надод. Мустафо Ҷамилов, раиси собиқадори тоторҳои Қрим дар анҷуман гуфт, наздик ба 10 ҳазор нафар аз ҳамқавмони ӯ баъд аз ишғоли Қрим аз тарафи Русия ватани худро тарк кардаанд. Вай афзуд, 300 ҳазор тотори Қрим наздик ба 15 дарсади аҳолии думиллионии онро ташкил медиҳанд, вале аз ҳуқуқҳои худ маҳруманд.

XS
SM
MD
LG