Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори бурси Юнон дубора фаъол шуд


Бозори бурси Юнон рӯзи 3 август баъд аз панҷ ҳафта дарҳои бастаи худро боз кард. Дар ибтидои эҳёи фаъолияти бозори бурс саҳмияҳои Бонки миллии Юнон ва Бонки Пирея тақрибан 30 дар сад коҳиш ёфтанд.

Бар пояи хабарҳо, биржаи бурси Афина айни ҳол аз рӯи режими махсус фаъолият мекунад – сармоягузорони хориҷӣ барои сарфи маблағ маҳдудият нахоҳанд дошт, аммо сармоягузорони маҳаллӣ муваззаф шудаанд, ки ҳама хариду фурӯшро бо пули нақд ё тавассути интиқоли маблағҳояшон аз тариқи бонкҳои хориҷӣ анҷом диҳанд.

Бозори бурси Юнон аз рӯзи 29 июн бо ҳадафи ҷорӣ кардани назорат аз болои ҳаракати сармоя бино ба бӯҳрони қарз дар кишвар муваққатан баста буд. 20 июл бонкҳои Юнон, баъд аз се ҳафтаи танаффус, фаъолияташонро аз сар гирифтанд. Се рӯз аз ин пеш кишварҳои минтақаи евро дар мавриди тарҳи сесолаи сармоягузории Юнон ба маблағи 86 миллиард доллар ба созиши пешакӣ расиданд.

XS
SM
MD
LG