Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш мусаллаҳ дар шаҳри Налчик


Мақомоти Русия мегӯянд, ки нерӯҳои амниятӣ дар ҷумҳурии Қабардину Болқар шаш фарди мусаллаҳро куштаанд. Кумитаи миллии зиддитеррористӣ рӯзи 3 август иттилоъ дод, ки афроди мусаллаҳ дар ҷараёни як амалиёти вижа дар як манзил дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Налчик ба ҳалокат расиданд.

Ду ҳафта пеш ҳам дар ҳамин гуна амалиёти неруҳои амниятӣ дар шаҳри Налчик ҳам ҳафт гумонбари узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ аз байн бурда шуданд.

Дар ҷумҳуриҳои асосан мусалмоннишини Қафқози шимолии Русия баъд аз ду ҷанг дар Чеченистон, воқеъ дар шарқи Қабардину Болқар, пайваста миёни нерӯҳои амниятии Русия ва гурӯҳҳои исломӣ даргириҳо сурат мегиранд.

XS
SM
MD
LG