Пайвандҳои дастрасӣ

"Амнияти иттилоотӣ" - ихтисоси нав дар Тоҷикистон


Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон бори аввал дар магистратураи худ ихтисоси амнияти иттилоотиро ифтитоҳ намуда, довталабонро ба таҳсил даъват кард. Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлат, рӯзи 3 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "азбаски солҳои охир дар кишвар расонаҳои иттилоотӣ бештар шудааст, дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба мутахассисони ин соҳа пайдо шудааст". "Амнияти иттилоотӣ" дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон то кунун ҳамчун як фанни алоҳида таълим дода мешуд, аммо ба шакли як ихтисос ва ё факулта ҳанӯз ба роҳ монда нашуда буд.

XS
SM
MD
LG