Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 3 август дар робита ба чораҳои муҳими зидди тағйири иқлим ва коҳиши олудасозии муҳит аз сӯи нерӯгоҳҳое, ки бо ангишт кор мекунанд, изҳорот нашр хоҳад кард. Бар пояи тарҳи нави сарвари Амрико, қарор аст то соли 2030 партоби бухорҳои гулхонаӣ ба фазо назар ба соли 2005 сӣ дар сад кам шавад.

Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, ибтикори нави Барак Обама шояд боиси мухолифат аз сӯи раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сиёстмадорон гардад, зеро дар сурати татбиқи он садҳо нерӯгоҳ баста ва бунёди нерӯгоҳҳое, ки бо ангишт кор мекунанд, қатъ мешавад.

Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст, ки ироаи расмии тарҳи нав аз сӯи Барак Обама - паёме барои амалҳои густурда дар дифоъ аз иқлим хоҳад шуд. Дар навори видеоии таҳиякардаи Кохи Сафед, Барак Обама чораҳои навро “бузургтарин ва яке аз муҳимтарин гомҳо дар роҳи мухолифат бо тағйири иқлими сайёра” номидааст. Ба гуфтаи ӯ, ба мушкили тағйири иқлими сайёра бояд на насли оянда, балки насли имрӯз дасту панҷа нарм кунад.

XS
SM
MD
LG