Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат дар Олмон будани Салимзодаро тасдиқ кард


Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Олмон будани вазир Нусратулло Салимзодаро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, ӯ на барои табобат, балки барои анҷоми сафари корӣ ба он ҷо рафтааст. Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзи 3 июл гӯё заҳролуд шудан ва барои табобат ба Олмон барои рафтани Салимзодаро рад кард. Ӯ гуфт, сафари вазири тандурустӣ ба Олмон ду моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буд ва ҳоло ӯ дар онҷост. “Ду ҳафта қабл вазири тандурустӣ бемор шуда буд ва дар беморхонаи ҷумҳуриявии ҳукуматӣ дар маҳалли “Медгородок” табобат гирифт. Сиҳат саломат аст,” -- Фотима Ғоибова. Нусратулло Салимзодаи 50-сола аз моҳи январи соли 2008 то кунун вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG