Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Бодканд: Он чи дар марз мегузарад, ҷанг нест


Як намояндаи вилояти Бодканд муноқишаҳои бештар аз як соли охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро нофаҳмӣ номид. Ӯ гуфт, ин мавзӯъ дар ҳоли ҳалшавист ва набояд ба он оҳанги сиёсӣ дод.

Як намояндаи вилояти Бодканд рӯзи 3 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъзе аз муноқишаҳо дар хатти то ҳол муайяннашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки гоҳо бо маҷрӯҳ шудани сарбозон ва марги сокинон низ анҷом меёбад, фақат як нофаҳмӣ номид.

Учқунбек Ҷӯрабоев гуфт, "ҳамон тавре бисёриҳо маънидод мекунанд, ин ягон низоъ ё ҷанг нест", балки ба қавли ӯ нофаҳмие ҳаст, ки ҳатто дар оила миёни падару писар ва ё хоҳару бародар метавонад иттифоқ афтад.

Ҷӯрабоев масъули амнияти ҳолатҳои фавқулода дар марзи Бодканди Қирғизистон бо Исфараи Тоҷикистон аст. Ӯ рӯзи дувуми август дар раъси як ҳайати панҷоҳнафарӣ аз вилояти Бодканд ба меҳмонии сокинони Суғд омад ва гуфт, ки чунин равуо муносибатро самимӣ ва мардуми ду тарафи марзро ба ҳам наздиктар хоҳад кард.

Ин намояндаи Қирғизистон гуфт, тамоми мавзӯи марз дар сатҳи комиссияҳои байниҳукуматӣ дар ҳоли ҳалшавист ва баъзе аз гурӯҳҳо мехоҳанд, ки бо ворид кардани сокинон ба ин масъала корро мушкилтар ва ҳалли онро ба ақиб андозанд. "Он ҳодисаҳое, ки дар марзи ду кишвар мешавад, онро муноқиша гуфтан хатост. Он танҳо нофаҳмиҳои ҷузъӣ бар сари масъалаҳои молию рӯзгордорист. Чунин нофаҳмиҳо байни як ё ду нафар иттифоқ меуфтад ва ба он ранги сиёсӣ додан хатост. Ин масъалаҳо алакай аз сӯи комиссияҳои махсус дар мавриди тақсими марз дар ҳоли ҳалли фасланд," -- таъкид дошт Учқунбек Ҷӯрабоев.

Маросими гулгузории меҳмонон дар шаҳри Исфара:

Видео аз марз: Меҳмонии 50 сокини Қирғизистон дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Баҳси таъин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. Намояндаи вижаи Қирғизистон тасдиқ кард, ки ҷониби Душанбе дар музокироти марзӣ ба асноди даврони тақсимоти марзии Осиёи Марказӣ дар солҳои 1924-1927 такя мекунад, вале ҷониби Бишкек – ба асноди солҳои 1958-1959 ва 1989.

Тоҷикистону Қирғизистон ба фарқ аз кишварҳои поёноби минтақа, ба далели надоштани захираҳои бузурги нафту газ ва камбуди дастрасӣ ба нерӯи барқ дар аксари баҳсҳои доғи минтақа, аз ҷумла дар масоили обу барқ, дидгоҳи муштарак доранд. Аммо равобити ин кишварро бештар аз ҳама баҳсҳои марзӣ хадшадор кардааст.

Баҳсҳои марзӣ бахусус дар якуним соли охир авҷ гирифта, боис ба чандин моҷаро, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона ва занозаниҳо байни сокинони ду тарафи марз, бештар дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон шуданд. Қирғизистон дар ибтидои соли 2014 дар пайи чунин як низоъ марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст ва сафирашро аз Душанбе фаро хонд.

Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд. Музокироти ҳайатҳои ду тараф дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ нишонда, як оромии нисбиро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG