Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли се сарбози Туркия дар як рӯз


Дар як бомбгузории маргталабона дар вилояти Агрии Туркия субҳи 2-уми август ду сарбози турк кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар ин бомбгузорӣ шуришиёни Ҳизби Коргарони Курдистонро муттаҳам карданд. Ин ҳамла таниш байни Туркия ва шуришиёнро зиёдтар мекунад, ки ба созиши оташбаси чандсола хотима доданд. Рӯзи 2-уми август ҳамчунин дар як ҳамлаи дигари шуришиёни курд дар вилояти Мардини Туркия як сарбоз кушта шуд ва 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳукумати Туркия чанде пеш амалиёти ҳамзамон бар зидди шуришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон ва гурӯҳи Давлати исломиро шурӯъ кард. Бино ба гузоришҳо дар зарбаҳои ҳавоии Туркия то кунун 260 размандаи Ҳизби Коргарони Курдистон кушта шудаанд. Туркия мегуяд, ҳамла ба ин размандагон посух ба қатли ҳадафмандонаи чанд афсари пулиси Туркия аст аз тарафи шуришиён аст. Ҳизби Коргарони Курдистон мегӯяд, ҳамла ба афсарони Туркия ниқор барои ҳамкории Туркия бо гурӯҳи Давлати исломист. Гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи 20-уми июл бо анҷоми як бомбгузории маргталабона 30 фаъоли курдро дар дохили Туркия кушт.

XS
SM
MD
LG