Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон Қрими зери итоати Русияро эътироф кард?


Татяна Холмуродова

Татяна Холмуродова

Идораи “Почтаи тоҷик”, ки тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, хаткашониро дубора ба нимҷазираи аз сӯи Русия тассаруфшудаи Қрим оғоз кардааст. “Почтаи тоҷик” моҳи майи соли гузашта қабули номаҳоро ба самти нимҷазираи Қрим манъ карда буд.Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло нимҷазираи Қрим ба ҳайати Русия шомил шудааст ва онҳо ба тамоми қаламрави ин кишвар мактубу муросилотро мефиристонанд. “Бинобар ин, ба Қрим ҳам шаҳвардон метавонанд мактубу муросилот интиқол диҳанд,” – гуфт ӯ.

Баъд аз шурӯи нооромиҳо дар Украина ва пайдо шудани ба истилоҳ “Одамчаҳои сабз” дар нимҷазираи Қрим, ки баъдан Владимир Путин -- раисҷумҳури Русия эътироф кард, низомиёни махсуси ин кишвар будаанд, ширкати хаткашони Украина “Укрпост” бо нашри як изҳорот дар торнамои Иттифоқи байнулмилалии почта аз ширкатҳои дигари ҷаҳон даъват кард, ки аз ирсоли мактубу муросилот ба ин нимҷазира худдорӣ варзанд. Аз ин даъвати “Укрпост” беш аз як сол сипарӣ шуд ва ҳоло ҳам бисёре аз ширкатҳои хаткашонии дунё аз интиқоли мактубу муросилот ба самти Қрим худдорӣ меварзанд. Бо ин ҳол, то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон нагуфтаанд, ки Қрими зери тасарруфи Русияро ба расмият шинохтаанд, ё на.

XS
SM
MD
LG