Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқ дар Арманистон қиммат шуд


Дар Арманистон рӯзи якуми август қимати нерӯи барқ тақрибан 17 дар сад боло рафт, вале ин қиматро ҳукумати кишвар ҷуброн мекунад. Овик Абрамиён, нахуствазири Арманистон рӯзи 1-уми август гуфт, ки пули изофӣ барои нерғи барқро, ки бояд аҳолӣ мепардохт, ҳукумати Арманистон аз ҳисоби 180 миллион долларе медиҳад, ки аз фурӯши силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ҷанубу шарқи кишвар ба даст овард. Арманистон моҳи июн ин силсилаи нерӯгоҳҳоро ба ширкати амрикоии Контур Глобал фурӯхт. Баъди эълони ҳукумат дар бораи боло бурдани қимати нерӯи барқ, моҳи июн дар шаҳри Ереван тазоҳуроти густурда ва олуда ба хушунат сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG