Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Яман ба ватанаш баргашт


Холид Баҳоҳ, нахуствазир ва муовини раиси ҷумҳури Яман

Холид Баҳоҳ, нахуствазир ва муовини раиси ҷумҳури Яман

Холид Баҳоҳ, нахуствазир ва ҳамзамон муовини раиси ҷумҳури Яман, ки ба Арабистони Саудӣ гурехта буд, рӯзи якуми август ба шаҳри бандарии Адан баргашт. Холид Баҳоҳ баландтарин мақоми ҳукумати табъидии Яман аст, ки баъди рондани ошӯбгарони шиамазҳаби ҳусӣ дар Адан ба ин шаҳр бармегардад. Ошӯбгарони ҳусиро, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд, бо кӯмаки низомии Арабистони Саудӣ нимаҳои моҳи июл аз Адан берун карданд. Мақомоти фурудгоҳи Адан гуфтанд, ки нахуствазир шоми якуми август бо як ҳавопаймои Арабистони Саудӣ ва ҳамроҳи чанд узви ҳукумат аз шаҳри Риёз ба Адан баргаштааст.

XS
SM
MD
LG