Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати Масъуд Барзонӣ ба размандагони курд


Масъуд Барзонӣ

Масъуд Барзонӣ

Масъуд Барзонӣ, раиси ҷумҳури минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ аз размандагони Ҳизби Коргарони Курдистон хостааст, ба хотири қурбон нашудани ғайринизомиён дар ҳамлаҳои ҳавоии Туркия, шимоли Ироқро тарк кунанд. Баёнияи расмии Масъуд Барзонӣ рӯзи 1-уми август ва чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки дар зарбаҳои ҳавоии Туркия ба як урдӯгоҳи Ҳизби Коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ 6 сокини рустои Заркел дар наздикии шаҳри Ирбил кушта шуданд. Размандагони Ҳизби Коргарони Курдистон баъди созиши оташбас бо Туркия дар соли 2013 аз ҷанубушарқи Туркия ба шимоли Ироқ омаданд. Пеш аз баёнияи Масъуд Барзонӣ, вазири умури хориҷии Курдистони Ироқ, Ҳизби Коргарони Курдистонро барои даст кашиданаш аз созиши оташбас бо мақомоти Туркия танқид кард ва гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Туркия ҳам кори нодуруст аст. Фалоҳ Мустафо Боқир гуфт, ироқиҳо дар байни ин ду тарафи муноқиша “дармондаанд.”

XS
SM
MD
LG