Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се хеши Усома бин Лодан


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, се узви хонаводаи Усома Бин Лодан, раҳбари кушташудаи созмони террористии Ал-Қоида дар натиҷаи суқути ҳавопаймояшон дар ҷануби Инглистон кушта шудаанд. Шоҳзода Муҳаммад Бин Навоф Бин Абдулазиз, сафири Арабистони Саудӣ дар Бритониё рӯзи 1-уми август ба ин хонаводаи сарватманди соҳиби як ширкати бузурги сохтмонӣ дар Арабистони Саудӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Номи ҳалокшудагон дар фалокатро ошкор накарданд. Пулиси Бритониё гуфт, як ҳавопаймои хусусӣ рӯзи 31-уми июл ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Блекбуш дар 65-километрии шаҳри Лондон ба таваққуфгоҳи мошинҳо афтода ва оташ гирифт ва се мусофиру халабонаш кушта шуданд. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Малнепсаи Итолиё бархостааст. Аъзои хонаводаи Усома бин Лодан соли 1994 барои ифротгароиаш аз ӯ рӯ гардонданд ва Арабистони Саудӣ ӯро аз ҳаққи шаҳрвандиаш маҳрум кард. Соли 2011 нерӯҳои махсуси Амрико Усома бин Лоданро дар Покистон куштанд.

XS
SM
MD
LG