Пайвандҳои дастрасӣ

Юкиа Амано ба Вашингтон меравад


Юкиа Амано, дар нишасти хабарӣ баъди имзои тавофуқнома миёни Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва Эрон

Юкиа Амано, дар нишасти хабарӣ баъди имзои тавофуқнома миёни Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва Эрон

Мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҳафтаи оянда бо вакилони мардумии Амрико дар бораи нақши ӯ дар созиши таърихии атомӣ бо Эрон гуфтӯгу мекунад. Қарор аст, Юкиа Амано рӯзи 5-уми август ба суолҳои вакилони Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар Вашингтон посух диҳад. Вакилони бонуфузи Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико, ҳукумати Барак Обамаро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо ширкати Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо Эрон созиши махфие бастаанд, ки фаротар аз тавофуқи ҳосилшуда бо 6 қудрати ҷаҳонӣ аст. Дар мулоқот бо Юкиа Амано, вакилони амрикоӣ дар бораи ин иддаҳо суол мекунанд. Баъзе аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико саъй доранд, бо ҷалби ҳимояти васеъ, созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар Конгресс тасвиб нашавад. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфтааст, ки иддаоҳо дар бораи созиши махфӣ асосе надоранд ва пинҳон доштани ҷузъиёти фаннии созишномаҳои назорати барномаҳои атомии Эрон як муқаррароти маъмулӣ аст. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ назорат хоҳад, ки то куҷо Эрон созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳониро мекунад ва фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро маҳдуд месозад. Дар ивази ин маҳдудсозӣ, таҳримоти иқтисодӣ бар зидди Эрон ба тадриҷ аз байн бардошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG