Пайвандҳои дастрасӣ

Боқир аз Туркия ва курдҳо хост, ҷангро бас кунанд


Фалоҳ Мустафо Боқир, вазири умури хориҷии
Курдистони Ироқ

Фалоҳ Мустафо Боқир, вазири умури хориҷии Курдистони Ироқ

Минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ, ки аз оқибатҳои ҳамлаҳои ҳавоии Туркия ба урдӯгоҳҳои курдҳои тундрав дар шимоли Ироқ ранҷ мекашад, рӯзи 31-уми июл аз ҳарду тараф хост, созиши оташбасро барқарор кунанд. Фалоҳ Мустафо Боқир, вазири умури хориҷии Курдистони Ироқ, зимни сафараш ба Вашингтон, Ҳизби Коргарони Курдистонро барои даст кашиданаш аз созиши оташбас бо мақомоти Туркия танқид кард ва гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Туркия ҳам кори нодуруст аст. Вай гуфт: “Мо бовар дорем, ингуна мушкилот роҳи ҳалли низомӣ надоранд ва беҳтарин роҳ сулҳ ва гуфтӯгу мебошад.” Ба гуфтаи Мустафо Боқир, ироқиҳо дар байни ин ду тарафи муноқиша “дармондаанд.” Ӯ афзуд, бар асари бомборони Туркия дар минтақаҳои кӯҳистонии Курдистон Ироқ мардум маҷрӯҳ ва беҷо шуданд. Ҳукумати Курдистони Ироқ, айни замон барои кӯмак ба курдҳое, ки аз дасти гурӯҳи Давлати исломӣ аз шимоли Ироқ гурехтаанд, дасту по мезанад ва паноҳандагон аз минтақаҳои бомборонкардаи Туркия бешак мушкилоти онро зиёдтар мекунад.

XS
SM
MD
LG