Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед марги Мулло Умарро таъйид кард


Ҳукумати Амрико марги Мулло Умар, раҳбари Толибонро таъйид кард ва гуфт, “фавти ӯ шанси дигаре барои пешрафт дар роҳ ба сӯи як Афғонистони боамну субот аст.” Кохи Сафед рӯзи 31-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ ҳамчунин аз Толибон хост, муроҷиатҳои Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон барои мусолиҳаро бипазиранд ва бо ҳукумати Афғонистон амалан сулҳ банданд.“ Ҳукумати Амрико мегӯяд, сабабҳои воқеии марги Мулло Умарро намедонад. Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 29-уми июл гуфт, раҳбари Толибон ду сол пеш дар бемористоне дар шаҳри Карочии Покистон фавтидааст. Кумитаи Амнияти Миллии Афғонистон гуфт, ӯ дар "шароити шубҳабарангезе” ҳалок шудааст. Гурӯҳи Толибон рӯзи 30-уми июл гуфт, ки Мулло Умар бар асари бемории номаълуме вафот кардааст. Худи ӯ баъди суқути режими Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 дар мазҳари ом ҳеҷ гоҳ дида нашудааст. Сухангӯи Толибон гуфт, Мулло Ахтар Мансур, яке аз муовинони Мулло Умар ҷойгузини ӯ шудааст, вале писари Мулло Умар ва яке аз фармондеҳони бонуфузи Толибон Ахтар Мансурро қабул надорад, ки як аломати ҷудоии амиқ дар байни Толибон ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG