Пайвандҳои дастрасӣ

Озори ҷинсӣ ё хушунати шаҳвонӣ дар Тоҷикистон падидаест, ки зиёд иттифоқ меафтад, вале шикоят аз чунин амал хеле кам то додгоҳ мерасад.

Дар Ҷопон ё Амрико қурбониёни озори ҷинсӣ дар додгоҳ пирӯз мешаванд, аммо онҳое, ки дар Тоҷикистон мавриди чунин бадрафторӣ қарор гирифтаанд, дудила ҳастанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд, ё на.

Банди 139-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои озори шаҳвонӣ ё ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо таъин кардааст. Аммо шикоятҳо аз озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон ангуштшуморанд. Чунончӣ, бар пояи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи гузашта ҳамагӣ 4 шикоят сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмонӣ, махсусан ба занону духтарони аз 18 то 30-сола зиёд рӯй медиҳанд. Вале одат ин аст, ки танҳо таҷовуз ба номус ҳадафи ҷазои додгоҳ қарор гирад. Ба гуфтаи пулиси Тоҷикистон дар ним соли гузашта зимни шикояти шаҳрвандон 17 парвандаи таҷовуз ба номус боз шудааст.

Дар аксар кишварҳои ҷаҳон суханони "таҳдор" гуфтан, даст расондан, зӯран ба оғӯш кашидан, бӯсидан ё ҳатто нодуруст нигоҳ кардан метавонад сабаби парвандаи ҷиноии озори ҷинсӣ шавад. Бар пояи иттилои созмонҳои ҷамъиятӣ, чунин ҳолатҳо дар идораву муассисаҳо, корхонаву бозор ва тарабхонаҳо рух дода, асосан бонувон аз онҳо осеб мебинанд.

Раҳимаи 21-сола, пешхидмати яке аз тарабхонаҳои маҳаллаи 91-и Душанбе ва ҳам донишҷӯи бахши ғоибонаи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мегӯяд, дар ду соли кораш дар тарабхона шумораи ками муштариёни мардро дидааст, ки бо чашми шаҳват ба ӯ нигоҳ накунанд. Модари Раҳима дар Душанбе кӯчарӯбӣ мекунад ва падараш маъюб буда, тавони кор надорад. Раҳима мегӯяд, аз сӯи муштариёни мард борҳо мавриди хушунати шаҳвонӣ қарор гирифта, аммо ба ҷое шикоят набурдааст.

Ба нақли ӯ, баъзан мизоҷони мард ӯро зӯран ба оғӯш мекашанд. Мебӯсанд. Ё пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ду сол пеш, вақте бори аввал як муштарӣ ӯро ба оғӯш кашида, бӯсидааст, тасмим гирифт, шикоят барад. Аммо раҳбарияти тарабхона гуфтааст, ки дар сурати шикоят карданаш аз кор хориҷ мешавад. Зеро шикояти ӯ боис ба кам шудани муштариён мегардад.

Як хонуми баландмақоми тоҷик, ки рутбаи сарҳангӣ (полковникӣ) дорад, бидуни овардани номаш гуфт, ҳудуди 16 соли корияш дар мақомоти қудратӣ бонувони зиёдеро дидааст, ки озорӣ ҷинсӣ дида, аммо ба хотири аз даст надодани корашон шикоят накардаанд. Ин хонуми сарҳанг мегӯяд, озори ҷинсӣ шудани кормандони зан қариб дар тамоми сохторҳо дида мешавад. "Зеро дар Тоҷикистон новобаста ба он ки зан дар кадом мақому мартаба кор мекунад, ба ӯ чун объекти шаҳвонӣ нигоҳ мекунанд," -- гуфт ӯ.

Ба қавли ин полковники тоҷик мавридҳое низ ҳаст, ки дар сурати рад кардани муносибати шавҳонӣ раҳбарони корхона монеи пешрафти занҳо мешаванд. Аммо дар ин миён занҳое низ ҳастанд, ки барои карйера сохтан аз муносибатҳои шаҳвонӣ истифода мекунанд. Ин сарҳанги тоҷик пешниҳод дорад, ки мавриди озори ҷинсӣ қарор нагирифтани занҳо бояд дар шартномаи корӣ ё Қонуни меҳнат таъкид шавад. Дар сурати бо шаҳват нигоҳ кардани занону духтарон аз сӯи мардҳо бигузор шартномаи корӣ бекор шавад.

Шукронаи 32-сола, як сол пеш дар яке аз бонкҳои Душанбе кор мекард ва шикояташ аз болои ҷияни раҳбарашон боиси аз кор ронданаш гардидааст. Ӯ мегӯяд, ҷияни раҳбарашон зӯран ӯро бағал гирифта, бӯсидааст. Вақте ба додгоҳ барои озори ҷинсӣ шуданаш шикоят бурд ва аз қазия ҳамкоронаш огоҳ шуданд, ӯро бо баҳонаи хуб корро натавонистанаш аз кор ихроҷ карданд.

Шукрона мегӯяд, ҳарчанд барояш пешниҳод шуд, ки дар сурати шикоят накарданаш маошаш боло бурда мешавад ва ба вазифаи баландтар таъин мегардад, аммо қабул накардааст: "Дар додгоҳ гуфтанд, ки ман ҳеч далел дар даст надорам. Шоҳид надорам. Бинобар ин, ҷавонро бидуни ҳеч ҷазо озод карданд. Баъд ба ҳолам хандида гуфтанд, ки магар беҳтар набуд, пулро худам мегирифтаму хомӯш меистодам?"

Муҳаррама Раҳимова, равоншиноси Маркази "Гулрухсор" дар Хуҷанд мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7 нафар аз озори ҷинсӣ диданашон ба онҳо муроҷиат кардаанд. "Баъзе аз мардҳо занро ҳам мавриди хушунати ҷинсӣ қарор медиҳанд ва ҳам таҳдид мекунанд, то ба ҳеч куҷо шикоят набаранд. Аз ҷониби дигар худи занҳо низ шикоят карданро барои ҳалли ин мушкил як чизи берун аз одоб медонанд,"--гуфт ӯ.

Аммо Риана Ҳамдамова, корманди яке аз созмонҳои иҷтимоии кумакрасон ба занон сабаби аз шикоят даст кашидани занҳоро дар нобоварии онҳо ба адолати додгоҳӣ (судӣ) мебинад. Ҳамдамова мегӯяд, дар шаш моҳи гузашта қариб 10 нафар ба ин созмон шикоят кардаанд, ки ҳадафи хушунати ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, то замоне ки қурбониёни озори ҷинсӣ шикояти худро бо мадади созмонҳои иҷтимоӣ то пирӯзӣ дар додгоҳ нарасонанд ва чунин парвандаҳо ба гунаи васеъ расонаӣ нашаванд, бархӯрди ҷомеа ба ин навъи ҷиноят тағйир нахоҳад кард. Зимнан, Созмони Милали Муттаҳид қаблан ба Тоҷикистон бештар аз 40 тавсия пешниҳод карда буд ва истисмор ё озори ҷинсӣ дар ҷойҳои корӣ яке аз 5 тавсияи аслӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз сӯи Тоҷикистон танҳо қисман иҷро шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG