Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ барои тағйирот ба Қонуни Асосӣ розист


Васил Бринтсев
Васил Бринтсев

Додгоҳи конститутсионии Украина рӯзи 31 июл тарҳи тағйирот оид десентрализатсия ё тазъифи марказиятро мутобиқ ба Қонуни асосӣ эътироф кард.

Бар пояи қарори додгоҳ, тағйироти пешниҳодшуда ҳуқуқу озодиҳои шахсро маҳдуд намекунад ва ба тахриби истиқлолу якпорчагии Украина равона нашудааст. Муовини раиси додгоҳи конститутсионӣ Васил Бринтсев ба хабарнигорон гуфт, ки тағйироти пешниҳодшуда ба бандҳои 157 ва 158-уми Қонуни асосӣ мутобиқат мекунанд.

Тарҳи тағйирот оид ба тазъифи марказият аз сӯи раисиҷумҳур Петро Порошенко пешниҳод шуда буд. 16 июл Верховная Рада барои баррасии ин тарҳ ба Додгоҳи Қонуни асосӣ раъй дода буд.

Ба пояи тағйирот, вижагиҳои худидораи маҳаллӣ дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск, ки ҳоло аз сӯи ҷудоихоҳон назорат мешаванд, дар қонуни вижа инъикос хоҳанд ёфт. Аммо, ба иттилои хабаргузории ТАСС, намояндагони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск гуфтанд, ки тарҳи аз сӯи Киев пешниҳодшуда ба созиши Минск оид ба эътидоли авзоъ дар Донбасс мутобиқ нест.

XS
SM
MD
LG