Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пекин мизбони Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022 хоҳад шуд. Дар раъйдиҳӣ барои макони баргузории ин бозиҳо, ки рӯзи 31 июл дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия доир гардид, 85 вакили Кумитаи байнулмилалии олимпӣ аз миёни Алмаато ва Пекин ба пойтахти Чин бартарӣ доданд.

Ба феҳристи довталабони мизбонии Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022 шаҳрҳои аврупоии Осло ва Стокҳолм низ шомил буданд, аммо онҳо бо далелҳои сиёсӣ ва молиявӣ номзадии худро бозхонданд.

Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, зимни муаррифии Алмаато аз Кумитаи байнулмилалии олимпӣ даъват кард, ки “тасмими таърихӣ” бигирад ва Алмааторо макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 эълон кунад. Ӯ таъкид кард, ки дар кӯҳистони атрофи Алмаато барфи воқеъӣ меборад ва истифодаи барфи сунъӣ, тавре дар Пекин пешбинӣ шудааст, ҳоҷат нест.

Пекин ҳафт сол пеш мизбони Бозиҳои олимпии тобистона буд акунун нахустин дар таърих шаҳре хоҳад шуд, ки мизбонии Бозиҳои олимпии ҳам тобистона ва ҳам зимистонаро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG