Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор барои ҳақорат ба номи хоҳар


Додгоҳи вилояти Суғд Мирзоалӣ Мирзоев -- як сокини деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳро барои куштори сокини дигари ҳамин деҳа Ҳабибулло Холбеков бар асоси моддаи 104, қисми 2 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноӣ ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Дафтари матбуоти додгоҳи Суғд 31 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми сокини деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар охирҳои ҳафтаи гузашта содир шудааст. Тавре аз додгоҳ гуфтанд, Мирзоалӣ Мирзоев ва Ҳабибулло Холбеков қаблан ошно буда ва ҳеч хусумат миёни онҳо набудаст.

“Аммо моҳи январи соли ҷорӣ дар соати 11-и шаб вақте Мирзоалӣ барои харидани нос ба кӯча мебарояд, бо Ҳабибулло рӯ ба рӯ мешавад ва ҳарду шӯхикунон якдигарро дашном медиҳанд. Вале Ҳабибулло дар ҳамин асно ба унвони хоҳари Мирзоалӣ дашноми қабеҳ медиҳад,” – нақл кард манбаъ аз Додгоҳи вилояти Суғд. Ӯ афзуд, чунин ҳақорат хашми Мирзоалӣ Мирзоевро ба вуҷуд меорад ва ӯ бо корди дар ҷайбаш буда, ки ҳамеша ҳамроҳ доштааст, ба тахтапушти Ҳабибулло мезанад. Ҳабибулло фирор карда, ба дохили як фурӯшгоҳ медарояд, аммо Мирзоалӣ чанд корди дигар дар қафаси сина, даст ва пушти сари ӯ зада, аз мағоза берун меояд ва ба корманди милисаи ноҳияи Мастчоҳ Фахриддин Мерганов занг зада, ба ҷинояти содиркардааш иқрор мешавад.

Ҳабибулло Холбеков ҳангоми интиқолаш ба бемористон дар роҳ ҷон медиҳад. Тавре наздикони Мирзоалӣ Мирзоев мегӯянд, ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ аз кори кардаи худ пушаймон шуда ва гуфтааст ба ин амал танҳо вақте даст зад, ки Ҳабибулло ба номи хоҳараш дашноми қабеҳ додааст.

XS
SM
MD
LG