Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 парвандаи “дедовшина” аз аввали сол дар Суғд


Додгоҳи ҳарбии Суғд дар 6 моҳи соли ҷорӣ чор парвандаи ҷиноӣ алайҳи сарбозон дар робита ба “муносибатҳои ғайриоинномавӣ бо ҳамхидматонашон”-ро ба анҷом расондааст. Ба қавли Абдураҳим Бегзода, раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, бар асоси ин парвандаҳо додгоҳ чанд сарбози собиқадорро барои латту кӯби наваскарон ва расондани зарарҳои вазнин ба фиристодааст. “Масалан, Субҳонбек Сафарзода, як сарбози қисми ҳарбии 08901 дар Чкалов ҷоғи як ҳамхидматашро зада мешиканад. Ин ҳодиса баҳори ҳамин сол рӯй дода буд. Додгоҳи ҳарбӣ Сафарзодаро 5 сол ба ҳабс маҳкум намуд,” – гуфт ӯ. Раиси додгоҳи ҳарбии Суғд, ки рӯзи 31 июл дар нишасти хабариаш суҳбат мекард, афзуд, дар ҳоли ҳозир ба баррасии парвандаи пурсарусадои ҳалокати наваскар - Фирдавс Раҳматов дар қисми ҳарбии 04080 дар шаҳри Конибодом аз сӯи ҳамхидматонаш оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG