Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши Маскаву Порис барои ҷубронпулии "Мистрал"-ҳо


Русияву Фаронса дар мавриди маблағи ҷубронпулӣ дар робита ба хариду фурӯши киштиҳои “Мистрал” ва мӯҳлати пардохти ин маблағ ба созиш расиданд. Дар ин бора Владимир Кожин, ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури ҳамкориҳои низомиву техникӣ рӯзи 31 июл хабар дод.

Рӯзномаи "Коммерсант", чопи Маскав, рӯзи ҷумъа бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки қарор аст Фаронса ба Русия 1,2 миллиард евро ҷубронпулӣ пардохт кунад. Мусоҳибони нашрия гуфтаанд, ки Фаронса на фақат пешпардохти Маскав барои сохтани киштиҳоро бармегардонад, балки дигар масрафоти Русия, аз ҷумла, барои омӯзиши экипажҳои “Мистрал”-ҳоро низ пардохт мекунад. Аммо ин иттилоъ то ҳол расман тайид нашудааст. Маблағи аниқи ҷубронпулӣ моҳи август эълон хоҳад шуд.

Маскаву Порис чаҳор сол пеш дар бораи аз сӯи Фаронса барои Русия сохтани ду киштии чархболбари “Мистрал” ба маблағи 1,2 миллиард евро ба созиш расида буданд. Русия 840 миллион евро пешпардохт кард.

Нахустин киштии “Мистрал” бояд моҳи ноябри соли гузашта дар ихтиёри Русия гузошта мешуд, аммо чанд моҳ пеш аз ин раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд изҳор намуд, ки бино ба ҳаводиси Украина Порис аз фурӯхтани “Мистрал”-ҳо ба Маскав даст кашидааст.

XS
SM
MD
LG