Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифротгароҳои яҳудӣ тифли фаластиниро куштанд


Бенямин Нетаняху, нахуствазири Исроил, рӯзи 31 июл оташ задани як манзил аз сӯи ифротгароҳои яҳудиро, ки бар асари он як тифли фаластинӣ кушта шуд, “ҳамлаи террористӣ” номид.

Ба иттилои полиси Исроил, дар ҳамла ба ин манзил дар як рустои канори шаҳри Ноблус, воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдун, ифротгароҳои яҳудӣ аз ҷунбиши “Таг Меҳир” гумонбар мешаванд, ки ба ҳузури фаластиниҳо дар Каронаи бохтарии руди Урдун мухолифанд. Масъулини полис гуфтаанд, ки оташ задани манзили фаластиниҳо ангезаи қавмгароёна дошт. Шоҳидони ҳодиса ҳам изҳор намуданд, ки чаҳор нафар баъди оташ задани манзил дар девор бо забони иврит “қасос” навишта, дар маҳаллаи яҳудинишин панаҳ бурданд.

Нетаняху гуфт, ки Исроил ҳама гуна зуҳуроти терроризм, новобаста аз он ки аз сӯи киҳо содир шудааст, мубориза мебарад ва барои ба додгоҳ кашондани муҷримон аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар Каронаи бохтарии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси шарқиро ғайриқонунӣ мехонад.

XS
SM
MD
LG