Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Э.Раҳмон аз гум шудани 116 000 $


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шахсан аз гум шудани 116 ҳазор доллари Бунёди глобалӣ барои мубориза бо СПИД ва сил дар кишвар нигарон шудааст. Ин грант ё кумаки билоивазро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гирифта буд. Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб, рӯзи 31 июл гуфт, онҳо то кунун ду бор ин қазияро санҷиш карда, танҳо 92,7 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанду бас. Баҳси 116 ҳазор доллар пули Бунёди Глобалӣ баъд аз тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, моҳи май "рӯи об баромад". Бозрасони Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) гуфтанд, дар ҷараёни тафтиши иҷрои ин тарҳ аломатҳои тақаллуб ва сохтакориро ошкор кардаанд. Ба қавли онҳо, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кумакҳо -- Барномаи рушди Созмони Милал ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG