Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми Палатаи ҳисоб алайҳи 6 мансабдори собиқи Бонки Миллӣ


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи шаш мансабдори собиқи Бонки миллӣ "барои вайрон кардани низоми фурӯши асъори хориҷӣ" санад тартиб дода, ба Додситонии кулл фиристодааст.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баъд аз анҷоми аудит ё бозрасии Бонки миллӣ шаш мансабдори пешини онро дар мусоидат ба ҷаҳиши якбораи қурби доллар дар кишвар айбдор кард. Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб, рӯзи 31 июл гуфт, ки ҳоло мавод дар бораи "хатокорӣ"-и ин афрод ба Додситонии кулл ирсол шудааст, то ба он баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад.

Раиси Палатаи ҳисоб аз шаш мақомдори собиқи Бонки миллӣ ном набурд ва танҳо гуфт: “Онҳо барои вайрон кардани тартиби фурӯши асъори хориҷӣ ба 37 бонки тиҷоратӣ ва ташкилоти хурди қарзӣ муттаҳам мешаванд. Дар он шабу рӯзе, ки нархи доллар якбора боло ҷаҳид, 37 бонку ташкилотҳои хурди қарзӣ долларро аз Бонки миллӣ гирифта, 14 фисад қиматтар онро мефурӯхтанд."

Оқои Давлатзода афзуд, аудити онҳо мушаххас кардааст, ки дар фурӯши асъори хориҷӣ бо нархи гаронтар мақомдорони собиқи Бонки миллии Тоҷикистон ҳам манфиатдор будаанд.

Қурби доллар аз охирҳои соли гузашта зери таъсири уфти қурби рубли русӣ рӯ ба болоравӣ ниҳод ва 1 доллар аз 5 сомониву 20 дирами соли гузашта ҳоло ба 6 сомониву 52 дирам расидааст. Дар оғоз мақомоти собиқи Бонки миллии Тоҷикистон чунин болоравии бесобиқаи қурби доллар дар баробари пули миллии сомониро кори дасти саррофон номиданд. Аммо дар моҳи майи соли ҷорӣ раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинзода ва муовинонаш - Ҷамшед Юсуфиён, Малоҳат Холиқзода ва Абдукарим Неъматов аз вазифа барканор шуданд.

Ҳарчанд ҷаҳиши долларро ба таҳримҳои Ғарб зидди Русия зимни мудохилаи он дар Украина ва 32 дарсад кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон бастагӣ медиҳанд, бархе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, набуди биржаи байнибонкии асъор ва танҳо аз тарафи Бонки Миллӣ таъин шудани қурби пули миллӣ низ боис ба бебандуборӣ дар бозори пули хориҷӣ дар кишвар шудааст.

Табаралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод мегӯяд, то соли 2001 дар Тоҷикистон чунин биржа фаъол буд ва ӯ низ дар харидуфурӯши асъор дар ин биржа ба ҳайси як масъули ширкати саҳомӣ иштирок дошт. Ӯ афзуд, “аммо соли 2001 ин биржаи байнибонкиро барҳам доданд ва акнун Бонки миллӣ мустақилона қурби асъорро муайян мекунад. Хуб мешуд, агар ин биржаи байнибонкӣ дубора фаъол шавад.”

Ҷаноби Ғаниев мегӯяд, дар сурати дубора фаъол шудани ин биржа бозори асъор хеле мӯътадил хоҳад шуд, чунки дар ин гуна шароит қурби асъори хориҷӣ дар асоси арза ва тақозо ба таври шаффоф муайян карда мешавад. Аммо нозирони вазъ иқрор мекунанд, ки назар ба чанд моҳ пеш қурби пули миллӣ дар Тоҷикистон дар баробари доллар нисбатан мӯътадил аст.

Чоруми майи соли ҷорӣ, вақте ки Ҷамшед Нурмаҳмадзода (Норинов), раиси пешини "Амонатбонк" раиси Бонки миллӣ ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини собиқи вазири молия муовини аввали ӯ таъин шуданд, онҳо гуфтанд, муҳимтарин вазифае, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон барояшон дод, ба низом даровардани бозори асъор аст. Пештар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният фаъолияти раҳбарияти ҳоло собиқи Бонки миллиро зери танқид гирифта буд.

Ӯ ҳангоми сӯҳбаташ дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ таъкид кард, ки танҳо зимни як санҷиш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар дастгоҳи марказии ин ниҳод зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG