Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз хатари ҷорӣ шудани сел дар бархе аз ноҳияҳои кишвар хабар додааст. Фирӯза Файзалиева, як масъули Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 31 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сар аз имрӯз то 3 август хатари ҷорӣ шудани сел дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷи вилояти Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Тавилдара, Варзоб ва Шаҳристон дар назар аст.

Ба гуфтаи хонум Файзалиева, дар ин рӯзҳо сатҳи оби рудхона аз ҳисоби об шудани захираи пиряхҳо зиёд шуда ва ин раванд бештар дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Язғулом ва Зарафшон ба мушоҳида мерасад. Ба ин далел, ба таъкиди хонум Файзалиева, афзоиши мизони об дар ин дарёҳо хатари селу дигар офатҳои табииро бештар хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи пешгӯиҳои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, аз 31 июл то 3 август то ҳарорати ҳаво дар қаламрави кишвар шабона 22-27 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ин аст, ки Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба тамоми вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар мавриди эҳтимоли хатари селу обхезиҳо дар пайи гармии ҳаво ва об шудани захираи пиряхҳо ҳушдор додааст. Ҳушдори Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимоли хатари ҷорӣ шудани селу обхезӣ дар бархе аз ноҳияҳои кишвар дар ҳолест, ки дар пайи ҷорӣ шудани селу лағзиши замин дар таъризи 16 то 23 июл дар шарқи Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расида ва панҷ тани дигар беному нишон гаштанд.

Ҳазорҳо нафар дар пайи офатҳои табии ахир зарар дида ва мизони хисорот ҳудуди 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин аст, ки мақомоти Тоҷикиастон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки муддати чанд рӯзи ахир бо сафари корӣ дар вилояти Бадахшон қарор дорад, аз мавзеи офтазада дар ноҳияи Шӯғнон дидан кард ва рӯзи гузашта дар шаҳри Хоруғ вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, машварати корӣ доир намуд.

XS
SM
MD
LG