Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Раҳмон: “Як хона ва... як худрав дорам”


Додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ки ӯ фақат як манзил, худрав ва "дача" ё бӯстонсаро дорад. Юсуф Раҳмон чунин дороиҳояшро рӯзи 31 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон ифшо кард. Ӯ гуфт, аммо манзураш аз хона на ҳавлӣ, балки манзили истиқоматӣ дар биноҳои баландошёна аст. "Ман дар “квартира” зиндагӣ мекунам ва хона гуфта, ҳаминро дар назар дорам. “Дача”-ам низ дар замони Шӯравӣ сохта шудааст," -- таъкид дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG