Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо ширкати вазирон ва мақомоти раҳбарии вилояти Бадахшон ва ниҳодҳои интизомӣ дар иртибот бо ҷараёни рафъи офати табиӣ дар ин минтақа ҷаласа баргузор кард.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегуяд дар ибтидо гузориши муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим шунида шуд.

Вай зикр кардааст, ки то кунун кумакҳои якдафъаинаи Эмомалӣ Раҳмон ва маводи мавриди ниёзи аввалия ба хонаводаҳои осебдида дастрас карда шуда ва корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои хонаводаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман хароб гардидааст, ҷараён дорад.

Ҳамчунин вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Хайриддин Абдураҳимов ва директори оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмедов гузориш додаанд.

Президенти кишвар аз масъулини мақомти ҳукуматӣ ва аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда талаб карда, ки барои зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ кушиши ба харҷ диҳанд.

Барқарор намудани шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои хонаҳо ва асноди гумшуда дар ҷараёни селфароӣ аз вазоифи дигаре буд,ки мақомоти дахлдори кишвар мувазаф карда шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG