Пайвандҳои дастрасӣ

Омбудсмени тоҷик: Бештари шикоятҳо аз мақомоти додгоҳӣ аст


Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, бештари шикоятҳое, ки ба ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ расидааст, нисбати мақомоти додгоҳии кишвар аст. Зариф Ализода, рӯзи панҷшанбеи 30 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ин ниҳод 1599 муроҷиати сокинон расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта шумораи муроҷиати шаҳрвандон ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон 1211 ададро ташкил дода буд. Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, бештари шикоятҳо ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон нисбати мақомоти додгоҳӣ буда ва дар нимсолаи аввал дар ин замина 70 шикоят аз ҷониби сокинон расидааст. Аммо ба таъкиди ҷаноби Ализода, шикоят нисбати мақомоти корҳои дохли 20 ададро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Зариф Ализода, бештари муроҷиати сокинон ба Дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар масъалаи ҳуқуқ ба манзил расида, ки дар маҷмӯъ 26 адад будааст. Ҳамчунин муроҷиатҳо дао заминаи ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла азнавҳисобкунии нафақа, рӯёнидани зарар ба саломатӣ, саривақт пардохт нагардидани нафақапулӣ, норозигӣ аз амалҳои кормандони хадамоти ташхиси тиббӣ ва норозигӣ аз санадҳои додгоҳӣ 13 ададро ташкил додааст.

Аммо ба таъкиди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин давра муроҷиати сокинон дар заминаи ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 18 адад будааст, ки озодӣ аз шиканҷа -1, шикоят аз болои кормандони вазорати корҳои дохилӣ – 11, нисбати шахси мансабдор – 1, мусоидат барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ – 1, мусоидат барои бекор кардани қарори қабулнамудаи корманди додситонӣ – 1, мусоидат барои ба ҷавобгарӣ кашидани корманди оҷонсии мубориза бо коррупсия – 2, нисбати оҷонсии назорат бар маводи мухаддир – 1 – ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Зариф Ализода. Дар ин давра дар Дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳалли мусбии 31 муроҷиати шаҳрвандон сабт шудааст. Ҳол он ки ин рақам дар нимсолдаи аввали соли гузашта 24 адад будааст.

Зимнан, аз таъсиси Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон беш аз шаш сол сипарӣ мешавад, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин муддатро давраи имкониятҳои аздастрафта ва бидуни пешрафт меноманд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он, ки қонунгузории Тоҷикистон ба омбудсмен ваколатҳои зиёд додааст, вай то кунун натавонистааст аз ин зарфиятҳо истифодаи назаррас кунад. Ин аст, ки бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик пешниҳод доранд, ки ниҳоди ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак ҷудо аз идораи омбудсмен таъсис дода шавад.

XS
SM
MD
LG