Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи Надя Савченко дар Русия оғоз шуд


Надя Савченко

Надя Савченко

Додгоҳи Русия мурофиаи додгоҳии Надя Савченко-халабони низомии Украинаро оғоз кардааст. Вайро барои куштори ду рӯзноманигори Русия гунаҳгор медонанд. Ин рӯзноманигорон аз минтақаи муноқиша дар шарқи Украина гузориш таҳия мекарданд.

Мурофиа 30 июл дар шаҳраки Донетски вилояти Ростов дар минтақаи наздимарзии Украина оғоз шудааст. Ин шаҳрак бо шаҳри Донетски Украина бо минтақаи даргириҳо дар шарқи Украина иртиботе надорад.

Дипломатҳои ғарбӣ, ки мехостанд дар ин мурофиаи паси дарҳои баста ширкат кунанд, ба толор роҳ дода нашуданд.

Ба хонум Савченкои 34 сола 25 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале маҳофили байналмиллалӣ мегӯянд, ки парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG