Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон марги Мулло Умарро рад ё инкор накард


Мулло Муҳаммад Умар

Мулло Муҳаммад Умар

Вазорати корҳои хориҷаи Покистон 30 июл дар посух ба гузоришҳои матбуотӣ роҷеъ ба фавти Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари Толибони Афғонистон бори аввал изҳороти расмӣ ба нашр расонд. Вазорат дар ин изҳорот гуфтааст, ки ин гузоришҳоро на тасдиқ мекунад ва на инкор.

Ин изҳоротро дар нишасти хабарӣ Қозӣ Халилуллоҳ -сухангӯи вазорат дар Исломобод ба расонаҳо баён дошт. Халилуллоҳ гуфт, мақомоти Покистон ҳамоно тафтиши эъломияи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистонро дар бораи даргузашти Мулло Муҳаммад Умар идома медиҳанд.

Дар эъломияи ҷониби Афғонистон гуфта мешавад, ки Мулло Умар соли 2013 аз беморӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Карочии Покистон даргузаштааст.

Раёсати амнияти милли Афғонистон дар эъломияи худ гуфт, ки Мулло Умар дар шифохонаи Карочӣ “дар шароити мармуз” фавтидааст.

XS
SM
MD
LG