Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Шӯрои Амнияти СММ ба пешнависи қатънома роҷеъ ба ташкили додгоҳи низомии байналмиллалӣ барои суқут додани ҳавопаймои мусофирбари “Боинг” дар шарқи Украина вето гузошт. Ин ҳавопайморо моҳи июли соли гузашта зада буданд.

Аз 5 узви доимии Шӯрои Амният 3 узв ба ҷонибдорӣ аз қатънома рай доданд. Аз 15 узви кунунӣ 11 узв аз он ҷонибдорӣ карданд. Чин-узви доимӣ ва Венесуэлаву Ангола ду узви муваққатӣ аз райдиҳӣ худдорӣ карданд.

Ин пешнависи қатъномаро Ҳолланд, Малайзия, Австралия ва Белгияву Украина ба Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд. Кишварҳои мазкур бар ин ақидаанд, ки мурофиаи нави додгоҳӣ баррасии одилонаро таъмин мекунад ва гумонбароне, ки дар ин ҳодиса даст доранд, ба додгоҳ супурда мешаванд.

17 июли соли гузашта ҳавопаймои мусофирбари ширкати Malaysia Airlines дар ҷараёни парвоз аз Амстердам ба Куала-Лумпур суқут кард ва ҳамаи 298 мусофир ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG