Пайвандҳои дастрасӣ

Хадиҷа ҷоизаи баландтарини озодии матбуотро гирифт


Хадиҷа Исмоилова, акс аз бойгонӣ

Хадиҷа Исмоилова, акс аз бойгонӣ

Бошгоҳи милии матбуотии Амрико Хадиҷа Исмоилова-рӯзноманигори зиндонии Озарбойҷонро 29 июл барандаи олитарин ҷоизаи озодии матбуот эълон кард.

Исмоилова, ки бо бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, дар яке аз боздоштгоҳҳои Боку 234 рӯз аст ки нигаҳдорӣ мешавад. Нозирони ҳуқуқ мегӯянд, боздошти вай ангезаи сиёсӣ дорад, зеро вай дар бораи ришвахорӣ дар сатҳи олӣ, ба шумули Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон гузоришҳои таҳқиқотӣ чоп кардааст.

Дар мурофиаи аввали додгоҳӣ 24 июл қозии додгоҳ пешниҳодро дар бораи лағви иттиҳомоти саркашӣ аз пардохти андоз ва ба ҷои нигоҳ доштан дар боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардани вай қабул накард. Имкон дорад Исмоиловаро ба 19 соли ҳабс маҳҳкум кунанд.

Ненад Пеҷик-сардабири Радиои Озодӣ гуфт, Хадиҷа барои рӯзноманигорӣ зиндонӣ шудааст. Ненад Пейич аз номи Хадиҷа ин ҷоизаро қабул кард.

XS
SM
MD
LG