Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳанӯз муҷаввизи парвози ширкати “East Air” содир нашудааст ва ин ширкат ҳаққи анҷом додани парвозҳо дар қаламрави кишварро надорад.

Маҳмадюсуф Раҳмонов, раҳбари департаменти авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки то ба ҳол ба ширкати ҳавопаймоии “East Air” иҷозатномаи парвоз дода нашудааст ва ин ширкат ҳаққи анҷом додани парвозҳо дар ҳудуди Тоҷкистонро надорад.

Ҷаноби Раҳмонов гуфт, он камбудиҳое, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар вақташ ба ширкати “East Air” барои бартарф кардан супориш дода буд, ислоҳ нашуданд. Аз ин рӯ дархости ширкати “East Air” барои барқарор кардани муҷаввизаш то замони бартараф кардани камбудиҳо, дар баррасӣ қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки масъулони “East Air” қаблан гуфта буданд, ки ширкатҳои рақиб "East Air”-ро барои нархи арзони парвозҳояш аз бозор ронданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чанд моҳ қабл ширкати ҳавопаймоии “East Air”-ро, ки арзонтарин чиптаҳои парвоз дар масири Русияро мефурӯхт, аз ҳаққи фаъолият дар Тоҷикистон маҳрум кард.

Ин ширкат, ки то моҳи октябри соли гузашта аз фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвоз анҷом медод, пас аз як санҷиши дар охири моҳи август анҷомдодаи вазорати нақлиёт барои ислоҳи камбудиҳо се моҳ мӯҳлат гирифта буд, аммо бо гузашти муддате аз ҳаққи анҷоми парвозҳо пурра маҳрум шуд.

Анвар Нуров, сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 2 феврали соли 2014 ҳавопаймои ин ширкат дар фурудгоҳи Кӯлоб ба садама дучор шуд ва санҷиши дарозмуддат нишон дод, ки он аз беэҳтиётии масъулони ширкат рух додааст. Он вақт дар осмон чархҳои ҳавопаймои ин ширкат дуруст кор накард ва ҳангоми нишаст аз хатти парвоз берун рафт. Аммо ба иддаои масъулони ширкати “East Air”, ин садама бо гуноҳи кормандони хадамоти заминӣ ё диспетчерҳо сурат гирифтааст, ки ба халабон маълумоти нодуруст додаанд.

Анвар Нуров мегӯяд, ин ширкат ҳушдор гирифта буд, ки барои идомаи парвозҳо аз Тоҷикистон бояд чархҳои ҳавопаймоҳояшро нав ва худи ҳавопаймоҳоро тармим кунад, аммо кореро дар ин самт анҷом надод. “Камбудиҳоро бартараф накарданд. Ду бор санҷиш гузаронида шуд. Камбудиҳояшон дар 13 банд номнавис шуда буд, ки бе ислоҳи онҳо парвоз анҷом додан хатарнок буд,” – гуфт Анвар Нуров.

Аммо намояндагони “East Air” баста шудани фаъолияти худро дар Тоҷикистон ғаразнок ва кори дасти рақибон медонанд. Владимир Куимов, роҳбари ширкати “East Air” мегӯяд, воқеан, онҳо барои ислоҳи камбудиҳо се моҳ мӯҳлат гирифта буданд, вале ин мӯҳлат анҷом наёфта, бидуни огоҳии пешакӣ фаъолияташон пурра қатъ шуд. Ӯ мегӯяд, маҳз нисбатан арзон будани нархи чиптаҳои ширкати “East Air” ширкатҳои рақибро нороҳат карда буд: “Ин кори мо ба касе маъқул набуд. Сахт маъқул набуд... ба кадоме аз роҳбарон. Хусусан ба ширкати “... Аir”.”

“East Air” ширкати саҳомӣ буда, 51 дар сади саҳмияҳояш ба як шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, ва 49 дарсади дигар ба як шаҳрванди Олмон тааллуқ доранд. Ин ширкат, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дошт, бо 5 ҳавопаймо,аз ҷумла 3 ҳавопаймои тамғаи “Airbus A320» ва 2 ҳавопаймои “Boing 737” аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳоиМаскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон ва Оренбурги Русия парвозҳо анҷом медод. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, дар бозори парвозҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки бо нархҳои осмониаш шӯҳрат дорад, нархи чиптаи онҳо нисбат ба дигар ширкатҳо ҳамеша дастикам 50 доллар арзонтар буд ва дар ниҳоят маҳз ҳамин арзонфурӯшӣ сари ширкати онҳоро “хӯрд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG