Пайвандҳои дастрасӣ

Дар дидори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ бо доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон равобити порлумонии ҳар ду кишвар баррасӣ шуд. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ рӯзи чоршанбеи 29 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати эронӣ ба Тоҷикистон дар раъси Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ба манзури густариши робитаҳои мутақобилан судманди Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон нек арзёбӣ кард. Ин манбаъ афзуд, ки “раиси Маҷлиси Миллӣ зикр кард, ки ҳарду кишвар имкон доранд дар марҳилаи феълии муносибатҳо аз имконоти мавҷуда истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки порлумонӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд. Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кардааст, ки Маҷлиси Миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар робита буда, барои густариши робитаҳои байнипарлумонӣ тадбирҳои муфид рӯи даст дорад.

Ба навбаи худ доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, ки ҳамзамон раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст, ба сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, хусусан муносибатҳои байнипорлумонӣ баҳои баланд дод. Ҷаноби Одил таъкид кардааст, ки Эрон омода аст, дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад. Зимнан, доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ба манзури ширкат дар Конфронси байналмилалии марбут ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ бо сафари корӣ ба Душанбе қарор дорад.

Ин ҳамоиши байналмилалӣ ба ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл дар Китобхонаи Миллӣ баргузор шуд. Дар канори донишмандони тоҷик, сафири Эрон дар Душанбе ва ҳайати эронӣ ба раҳбарии доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ низ ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG