Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ҳукми "Бозори "Ином"-ро тағйир надод


Бурҳон Абдуллоев.

Бурҳон Абдуллоев.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон ​дар мавриди ба се соли зиндон маҳкум шудани раиси бозори “Ином”-и Шаҳритус Бурҳон Абдуллоевро бетағйир гузошт ва ширкат накардани Муҳибулло Саъдуллоев --додарарӯси президенти Тоҷикистон дар мурофиаро дуруст шуморид. Раҳматулло Зоиров, вакили мудофеъи Бурҳон Абдуллоев имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи кассатсионии онҳоро имрӯз дар додгоҳи вилояти Хатлон намояндагони Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Додгоҳи Хатлон дар моҳи апрели соли равон Бурҳон Абдуллоевро, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев --додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар сари тақсими бозори “Ином” баҳс дошт, ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Бурҳон Абдуллоевро ба "сӯиқасд ба дороии шаҳрванд" ва "маҳви барқасдонаи моликияти дигарон бо роҳи сӯзондан, таркондан ё дигар тарзи барои ҷамъият хафнок" муттаҳам мешавад.​

Раҳматулло Зоиров афзуд, дар вақти пешниҳоди аризаи кассатсионӣ аз Додгоҳи олӣ хоҳши карда шуда буд, ки дар мурофиаи баррасии аризаи кассатсионӣ, ширкати Муҳибулло Саъдуллоевро таъмин кунад, вале вай имрӯз дар мурофиа ҳузур надошт. Додгоҳи олӣ ширкат накардани Муҳибулло Саъдуллоев дар додгоҳро дуруст шуморид ва гуфт, ҳамаи масъалаҳои мавриди баҳс дар додгоҳи Хатлон ҳалли худро ёфтааст ва аз ин рӯ ҳузури Саъдуллоев зарурат надорад.

XS
SM
MD
LG